LIVE

Муборизаи 11 бозигари “Аякс” бо Ковид-19.

Бозигарони тими “Аякс” гирифтори вируси Ковид 19 шудаанд. Озмоишҳои 11 нафар барои Ковид-19 мусбат шуда тим ба мушкилии зиёд барои бозӣ бар муқобили “Мидтюлланд” 17 нафарро сабти ном кардааст. Дар феҳристи бозигарони дастраси “Аякс” танҳо як дарвозабон дарҷ шудаасту тамом, ду даврозабони аслии тим бо сабаби беморӣ ба ҳайат шомил нашудаанд. Дарвозаи “Аякс”-ро дар бозии имшаб Кйелл Схерпени  20 сола ҳимоя хоҳад кард, ки то кунун дар бозиҳои ҳайати асосии тим набуд. Гуфта мешавад дар ин феҳраст ҳамчунин бозигарони калидии “Аякс” аз ҷумла Дави Классен, Райан Гравенберх ва Душан Тадич низ дида намешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки   сармураббии “Аякс” Эрик тен Хаг интизор дошт дар бозии мазкур бар муқобили “Мидтюланд” ба аввалин ғалабаашон дар Лигаи Қаҳрамонҳо даст ёбад. Бозии даври сеюми марҳилаи гуруҳии Лигаи Қаҳрамонҳо миёни тимҳои “Аякс” ва “Мидтюланд” имшаб баргузор хоҳад шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив