Бозии даври 23-юми Лигаи Англия дар мавсими 2024/2025, ки дар он дастаҳои “Фулҳэм”-и Лондон ва “Манчестер Юнайтед” вохӯрданд, дар варзишгоҳи Крэвен Коттеҷ дар шаҳри Лондон бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи «Манчестер Юнайтед» ҷамъбаст шуд.
Англия - Премьер-лига. Даври 23-юм
27 январи соли 2025, душанбе. 00:00 бо вақти Душанбе
“Фулхэм” (Лондон) 0 : 1 “Манчестер Юнайтед” (Манчестер)
0:1 Мартинес – 78'
Голи ягонаро дар ин дидор ҳимоятгари дастаи “Манчестер Юнайтед” Лисандро Мартинес дар дақиқаи 78-ум ба самар расонд – 1:0.
Пас аз 23 бозӣ «Фулхэм» бо 33 имтиёз дар ҷои 10-уми ҷадвали Премер-Лигаи Англия қарор дошта, «Манчестер Юнайтед» пас аз ҳамин қадар бозиҳо бо 29 имтиёз дар ҷои 12-ум аст.