Собиқ президенти ИМА Барак Обама дар мавриди нокомиҳои Месси дар мунтахаби Аргентина чанд сухан гуфт.
“Ҳатто одамоне, ки мо онҳоро нобиға мехонем бо дигар одамон кор мекунанд то услуби хосаи худро бисозанд. Ба мунтахаби Аргентина бо доштани бозингари беҳамтое чун Месси муясар намегардад, ки Ҷоми ҷаҳониро соҳиб бигарданд. Гуфтан мехоҳам, ки кам одамоне ҳастанд, ки корҳои бузургро ба танҳоӣ анҷом медиҳанд ”-гуфтааст собиқ президенти ИМА Барак Обама. Ёдовар мешавем, ки ягона ҷоизае, ки Месси дар мунтахаб дорад ин медали тиллои бозиҳои олимпии Пекин-2008 аст.