Бошгоҳи “Ювентус”-и Италия бо намояндагони “Барселона” оиди трансфери эҳтимолии ҳимоятгари уругвайӣ Роналд Араухо мулоқот анҷом додааст. Дар ин бора нашрияи La Stampa хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, «Барселона» инчунин бозигари канории “Ҷаллороси” Ансу Фати ва ҳимоятгари марказӣ Андреас Кристенсенро мавриди харидорӣ пешниҳод кардааст. Қайд карда мешавад, ки "Ювентус" айни замон ба бозигари испанӣ ва даниявӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намекунад, аммо омода аст, ки оиди интиқоли Араухо бо “каталонияҳо” гуфтугӯ кунад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Араухо омода аст, ки тариқи иҷораи шашмоҳа ба Турин гузарад, то пас аз ҷароҳати вазнин ба ҳолати варзишии қаблии хеш баргардад вақти кофии бозӣ пайдо намояд.
Мавсими имсола Араухо дар як бозии Ҷоми Испания ширкат варзида, муаллифи як ирсоли голӣ шудааст. Тибқи маълумоти сомонаиTransfermarkt арзиши бозории футболбоз 55 миллион евро мебошад.