LIVE

«Барселона» нисбати яке аз ҳамлагарони асосии «Астон Вилла» чашм дӯхтааст

Агенти варзишии ҳамлавари марказии «Астон Вилла» Ҷон Дуран бо роҳбарияти «Барселона»-и каталонӣ мулоқоти корӣ анҷом дод. Дар ин бора Sport.es хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, роҳбарияти «Барселона» аллакай як дастаеро барои мавсими оянда ташаккул дода, бозигарони ҷавони умедбахшро дар лигаҳои гуногун назорат мекунанд. Вазъият атрофи Пау Виктор ва Даниэл Олмо аллакай масъалаи ивазкунии ҳайатро дар даста шадидтар кардааст.
Ёдовар мешавем, ки моҳи октябри соли гузашта Дуран шартномаашро бо “Астон Вилла” то охири моҳи июни соли 2030 тамдид карда буд. Дар мавсими ҷорӣ бозигари мунтахаби Колумбия дар 26 бозӣ ширкат карда, 12 гол задааст. Арзиши футболбоз  тибқи тахминҳои сомонаи Transfermarkt 40 миллион евро аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив