LIVE

"Барса", "Челси" ва "Арсенал" барои футболбози "Астон Вилла" талош мекунанд

Football365 хабар медиҳад, ки  “Арсенал”, “Барселона” ва “Челси” ба футболбози бразилии “Астон Вилла” Дуглас Луис мароқ зоҳир намудаанд. 

Ба иттилои манбаъ, бошгоҳҳои англисӣ ва каталонӣ имкони харидории як бозигарро дар равзанаи интиқоли зимистона баррасӣ мекунанд. “Астон Вилла” барои бразилӣ камаш 46 миллион евро мехоҳад.

Дуглас Луиси 24-сола дар мавсими ҷорӣ дар ҳайати "Астон Вилла" 7 бозӣ анҷом дода, ду гол задааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив