LIVE

"Астон Вилла" Коутинйоро харид

 «Астон Вилла» Филипп Коутинйоро аз «Барселона» харид.  "Астон Вилла" бо нимҳимоятгари бразилӣ то соли 2026 шартнома ба имзо расонид.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки Коутинйо дар нақшаҳои сармураббии «Барселона» Хави шомил нест ва мураббии «Астон Вилла» Стивен Ҷеррард баръакс, мехост, ки бозигарро дар даста нигоҳ дорад.

Ёдовар мешавем, ки «Астон Вилла» моҳи январи соли ҷорӣ бразилиягиро аз «Барса» ба иҷора гирифта буд. Дар қуръакашии феълии Преймер-лигаи Англия нимҳимоятгар дар 16 бозӣ ширкат карда, 4 гол ва 3 партофти головар анҷом додааст.

Коутинйо моҳи январи соли 2018 аз «Ливерпул» ба "Барселона" ба маблағи 135 миллион евро гузашта буд. Нимҳимоятгари бразилӣ дар ҳайати тими  "Барса" дар 106 бозӣ баромад карда,  25 гол ва 14 партофти головар ба номаш сабт намудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив