“Реал”-и Мадрид ва “Леганес” нисбати гузариши ҳимоягар Ламини Фати ба мувофиқа расидаанд. Футболбоз аллакай аз муоинаи тиббӣ гузаштааст, хабар медиҳад Marca.
Ба иттилои манбаъ, Фати аввал ба дастаи эҳтиётии «Реал Мадрид» меравад. Бозии нахусти ӯ дар ин тим дар моҳи январ, замони кушодашавии равзанаи трансферӣ баргузор мегардад. Шартнома тақрибан дорои арзиши 120 ҳазор евро буда, барои панҷ мавсим пешбинӣ шудааст.
Фатии 18-сола бозигари асосии Леганес Б буда, тобистон нисбаташ "Валенсия" мароқ зоҳир мекард. Ламини чун бозигари дорои ҷисман қавӣ тавсиф карда мешавад вақти тӯбдорӣ низ боварбахш ба назар мерасад. Айни ҳол Фати ҷароҳат дошта, дорои мушкили саломатӣ дар қисмати ҷоғ аст.