LIVE

Ансу Фати аз табибони «Барселона» норозӣ аст

Ҳамлагар - Ансу Фати аз пизишкони “Барселона”, ки пас аз захмӣ дар бозии “Атлетик” ба ӯ пешниҳод карданд, ки дар моҳи январ ҷарроҳӣ кунанд, норози аст. 
Фати аз ҷарроҳӣ даст кашида, табобати консервативиро интихоб кард. Футболбоз ва хонаводааш бо намояндагони мухталифи бошгоҳ, аз ҷумла, мураббӣ Хави ва доктор Рикард Пруна мулоқот карданд, ки мехостанд Ансуро ҷарроҳӣ кунанд. Бо вуҷуди ин, ҷавони 19-сола табобати консервативиро интихоб кард.
Ҳоло бозигар аллакай сиҳат шудааст ва агар ӯро ҷарроҳӣ мекарданд, барои табобаташ вақти зиёдтарро аз даст медод.
Дар мавсими ҷорӣ дар чемпионати Испания Фати дар панҷ бозӣ ширкат карда, 3 гол задааст. Вай инчунин дар 3 бозӣ дар Лигаи Чемпионҳо 1 гол дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив