Бозигари канории "Барселона" Ансу Фати метавонад дар яке аз тимҳои номвари Серияи А-и Италия идома диҳад.
Ба иттилои Mundo Deportivo футболбоз метавонад ба “Милан” гузариш анҷом диҳад. Қайд карда мешавад, ки Фати метавонад шомили шартномаи мубодилавӣ бо ҳамлагари португалӣ Рафаэл Леау шавад.
Ёдовар мешавем, ки шартномаи феълии Фати бо бошгоҳ то охири моҳи июни соли 2027 амал мекунад. Мавсими ҷорӣ футболбоз дар ҳайати каталониҳо ҳафт бозӣ анҷом дод ва ҳеҷ амали натиҷабахше созмон надод. Сомонаи Transfermarkt арзиши бозигари номбурдаро 15 миллион евро арзёбӣ мекунад.
Бошгоҳи «Барселона» бошад айни ҳол дар дар зинаи аввали ҷадвали мусобиқа ширкат дошта, аз рӯи натиҷаҳои 14 давр 34 имтиёз дорад.