LIVE

Пирӯзии сафарии “Реал” зидди “Аталанта” дар даври шашуми Лигаи Чемпионҳо

Бозии даври 6-уми марҳилаи умумии Лигаи қаҳрамонҳо, ки дар он дастаҳои «Аталанта» ва «Реал Мадрид»  дар варзишгоҳи “Ҷевисс” дар Бергамо вохӯрданд, бо ҳисоби 3:2 ба фоидаи меқмонон анҷом ёфт.
Лигаи чемпионҳо. Марҳилаи умумӣ. Даври 6-ум
11 декабри соли 2024, сешанбе. 01:00 бо вақти Душанбе
“Аталанта” (Бергамо, Италия) 2:3 “Реал Мадрид” (Мадрид, Испания)
0:1 Мбаппе – 10'     1:1 Де Кетеларе – 45+2'     1:2 Винисиус Жуниор – 56’     1:3 Беллингем – 59’       2:3 Адемола Лукман 65
Дар дақиқаи 10-ум ҳамлагари “Реал Мадрид” Килиан Мбаппе ҳисобро боз кард, валле аллакай дар дақиқаи 36-ум  бо сабаби ҷароҳат   Родриго Гоес иваз шуд. Дар дақиқаи 45+2 бошад нимҳимоятгари мизбонон Шарл Де Кетеларе аз зарбаи ҷаримавии 11-метра ҳисобро барқарор кард. Дар дақиқаи 56-ум Винисиус Ҷуниор Лос Бланкосро аз рӯи ҳисоби бозӣ ба пеш баровард. Дар дақиқаи 59-ум нимҳимоятгари  мадридиҳо Ҷуд Беллингем пешсафи тимашро  мустаҳкам кард. Дар нимаи дуюми рақобат ҳамлагари «Аталанта» Адемола Лоукман голи дуюми дастаашро ба самар расонид.
«Аталанта» дар даври охирини марҳилаи умумии Лигаи қаҳрамонҳо бар тими «Янг Бойз»-и Швейтсария бо ҳисоби 6:1 пирӯз шуда буд. «Лос Бланкос»  бошад дар навбати худ аз «Ливерпул» бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрда буд. Дар бозии даври 7-уми мусобиқа «Аталанта» бо «Штурм» (21 январ), «Реал Мадрид» бо «Ред Булл Залтсбург» (22 январ) вомехӯрад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив