Муттахассиси испанӣ Хосеп Гвардиола оиди сабаби асосии тамдид кардани шартномааш бо "Манчестер Сити" изҳори назар кард.
Бино ба навиштаи The Telegraph дар тасмими Гвардиола ҳолати баъди феълии “Манчестер Сити” нақш бозидааст. Мураббии испанӣ ҳамеша мехост, ки “шаҳриён”-ро барои месробари баъдияш дар мавқеи қавӣ боқӣ гузорад. Мураббӣ мефаҳмад, ки дастаи ҳозира ба таҷдиди сохтор ниёз дорад ва барои анҷоми ин кор чанд сол лозим аст.
Ёдовар мешавем, ки таҳти роҳбарии Гвардиола «шаҳриён» шаш маротиба қаҳрамони Англия гардида, дар Лигаи Чемпионҳо низ ғолиб омадаанд.
Айни ҳол «Манчестер Сити» дар зинаи дуюми ҷадвали Премер-лигаи Англия қарор дошта, аз 12 бозй 23 хол гирифтааст.