LIVE

Шартномаи нави Гвардиола бо «Манчестер Сити»

Сармураббии "Манчестер Сити" Хосеп Гвардиола эътимолан бо дастаи хеш шартномаи нави корӣ имзо менамояд. Дар ин бора нашрияи Athletic иттилоъ медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки шартномаи кории феълии мутахассиси 53-сола то тобистони оянда эътибор дорад.
Ба иттилои манбаъ эълони расмӣ дар бораи тамдиди шартнома бо Гвардиола рӯзҳои наздик нашр хоҳад шуд.
Мутахассиси испанӣ соли 2016 ба вазифаи сармураббии бошгоҳи инглисӣ таъин шуда буд. Бо роҳбарии мураббии 53-сола «шаҳриҳо» шаш маротиба қаҳрамони Англия гардида, ғолиби Лигаи қаҳрамонҳо низ шуда буданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив