LIVE

Гвардиола боз ду мавсими дигар "шаҳриҳоро" роҳбарӣ мекунад

Бошгоҳи “Манчестер Сити” бо сармураббии испании даста  Хосеп Гвардиола  тамдиди шартнома кард.
Созишномаи нав то соли 2025 баста шуд. Дар ин бора сомонаи расмии бошгоҳ хабар додааст. Қобили зикр аст, ки шартномаи феълии Гвардиола то охири ҳамин мавсим амал мекард.
Мутахассиси испанӣ соли  2016 сарварии бошгоҳро ба  ӯҳда гирифта буд. То ин муддат Гвардиола бо даста  11 ҷоиза ба даст овардааст.
Ёдовар  мешавем, ки қаблан Гвардиола сармураббии бошгоҳҳои “Барселона” ва “Бавария”  буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив