Сармураббии дастаи “Реал Мадрид” Карло Анчелотти ба саволи шубҳанок оиди идомаи маснади корияш пас аз шикасти “Лос Бланкос” дар бозии даври 4-уми марҳилаи умумии Лигаи Чемпионҳо аз “Милан” (1:3) посух дод ва инчунин андешаи худро дар бораи гунаҳкорон бозӣ гуфт.
Лигаи чемпионҳо. Марҳилаи умумӣ. Даври 4-ум
06-уми ноябри соли 2024, чоршанбе. 01:00 бо вақти Душанбе
“Реал Мадрид” (Мадрид, Испания) 1:3 “Милан” (Милан, Италия)
0:1 Тшау – 12' 1:1 Винисиус Жуниор – 23' 1:2 Мората – 39' 1:3 Рейндерс – 73'
«Ба кори ман шубҳа доред? Не, ман фикр мекунам, ки ин муқаррарӣ аст. Даста дар ҳолати беҳтарин нест ва мо ҳама гунаҳкорем. Хеле муҳим аст, ки ҳамаи мо масъулиятро ба дӯш гирем. Зеро чуноне, ки ғалаба мекунем, мо онро якҷоя анҷом медиҳеми. Ҳоло вақти он аст, ки дучори мушкил ҳастем ва бояд мубориза барем. Аз чунин вазъиятҳо мо қувваи бештар мегирем», - иқтибос меорад нашрияи испании AS аз суханони Анчелотти.
"Реал Мадрид" айни ҳол бо 6 имтиёз пас аз чаҳор даври мусобиқоти Лигаи Чемпионҳо дар зинаи 17-ум қарор дорад.