LIVE

Анчелотти Лунин ва Куртуаро ба ҳам оштӣ кард

Сармураббии «Реал» Карло Анчелотти бо дарвозабонҳои дастаи хеш Тибо Куртуа ва Андрей Лунин оиди бозии финалии Лигаи чемпионҳо сӯҳбат кард.
Чанде пеш дар ВАО-и испанӣ хабарҳо оиди оне паҳн шудан гирифтанд, ки Карло Анчелотти Андрей Лунинро аз дақиқаҳои аввали финали Лигаи чемпионҳо ба майдон намеорад, зеро ин муттахассис бештар ба Тибо Куртуа боварӣ дорад. Дар «Реал» гӯё нисбати имкониятҳои белгиявӣ боварии бузург доранд ва бар онанд, ки будани ӯ дар ҳайати асосӣ вақти чунин бозии муҳим хеле ҳам зарур аст. Аз ин рӯ гуфта мешавад, ки дарвозабони белгиявӣ имкони бозӣ дар ҳайати асосии финалиро ба даст меорад.
Баъди паҳн шудани ин иттилоот сармураббии бошгоҳи испанӣ Карло Анчелотти сӯҳбатҳои инфиродӣ бо ҳардӯи дарвозабонҳо - Куртуа ва Лунин гузаронидааст, хабар медиҳад DefensaCentral. «Ба маълумотҳо аз ВАО-и мухталиф таваҷҷӯҳ накунед, замоне, ки ман ба бозии финалии Лигаи чемпионҳо ҳайатро интихоб мекунам – Шумо нахуст хоҳед фаҳмид», – гуфтааст Карло Анчелотти.
Ёдовар мешавем, ки бозии финалии Лигаи чемпионҳо миёни «Реал» ва «Боруссия»-и Дортмунд рӯзи 1-уми июн доир мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив