LIVE

Анчелотти дар Лигаи Чемпионҳо ба рекорди бузург наздик мешавад

Сармураббии бошгоҳи “Реал Мадрид” Карло Анчелотти дар Лигаи Чемпионҳо100-умин –алабаи худро ба даст овард. Танҳо сармураббии собиқи «Манчестер Юнайтед» Алекс Фергюсон метавонад бо чунин дастовард, бо 102 ғалаба фахр кунад. Дар сурати се ғалабаи дигар мутахассиси итолёвӣ имкон дорад, ки аз Фергюсони бузург пеш гузарад. 
«Реал Мадрид» дар майдони худ «РБ Лейптсиг»-ро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Голҳои дастаи Испанияро Федерико Валверде ва Марко Асенсио ба самар расониданд.
Карло Анчелотти сармураббии бошгоҳҳои «Челси», “Бавария”, “Милан”, “Наполи”, ва “Эвертон” буд. Мутахассиси маъруф дар мусобиқоти асосии Аврупо чаҳор пирӯзӣ ба даст овардааст (дутоаш бо “Милан” ва дутоаш бо “Реал Мадрид”). 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив