Бошгоҳи «Ювентус»-и Турин ният дорад, ки ҳуқуқҳо ба ҳимоятгар Пйер Калулу ва бозигари канорӣ Франсиско Консейсауро, ки айни ҳол дар Турин тариқи иҷора бозӣ мекунанд, харидорӣ намояд, хабар медиҳад рӯзноманигор Николо Скира дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии X (собиқ Twitter). Ёдовар мешавем, ки футболбози фаронсавӣ ба “Милан” ва бозигари португалӣ бошад ба “Порту” тааллуқ дорад.
Бино ба иттилои манбаъ роҳбарияти дастаи шаҳри Турин тасмим гирифтааст, ки ҳарду муомилоти гузариширо моҳҳои наздик анҷом диҳад. Инчунин хабар дода мешавад, ки нархи харидории Калулу 14 миллион евро ҷамъи 3 миллион евро буда, Консейсауро бо арзиши 30 миллион евро харидан мумкин аст.
Мавсими ҷорӣ футболбози 24-солаи фаронсавӣ дар ҳашт бозии тими “Ювентус” дар ҳама мусобиқаҳо ширкат кардааст. Консейсаои 21-сола бошад дар чаҳор бозӣ ширкат карда, ду гол ва як партофти головар дар номаш дорад.
