Бозигари канории 19-солаи бошгоҳи фаронсавии “Ренн” Дезире Дуэ тасмим гирифтааст, ки аз дастаи “Бавария” даст кашад ва ба “ПСЖ” гузарад, хабар медиҳад рӯзноманигор Флориан Плеттенберг дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии X (собиқ Twitter).
Бино ба иттилоъи манбаъ "Бавария" чанде пеш дар музокирот бартарии андаке дошт, ки оиди он ҳам ҷонибҳои манфиатдор тасдиқ карданд. Вале футболбоз карори охиринашро кабул кард, ки ин барои дастаи шаҳри Мюнхен ноумедии калон барҷой мегузорад.
Қаблан бошад хабар дода шуда буд, ки «Ренн» мехоҳад аз фурӯши футболбози ҷавон 60 миллион евро ба даст орад.
Бозигари 19-сола дастпарвари тими “Ренн” буда, мӯҳлати шартномааш бо бошгоҳи фаронсавӣ то соли 2026 аст. Тибқи фарзияи сомонаи Transfermarkt арзиши ӯ 30 миллион евроро ташкил медиҳад.