«Бавария» дар бораи вазъи саломатии ҳамлагари хеш Ҳарри Кейн, ки дар бозии даври 6-уми чемпионати Олмон бо «Айнтрахт»-и Франкфурт (3:3) иваз карда шуд, изҳорот дод.
Олмон - Бундеслига. Даври 6-ум
06-уми октябри соли 2024, якшанбе. Соати 20-30 бо вақти Душанбе
Айнтрахт (Франкфурт) 3:3 Бавария (Мюнхен)
0:1 Мин Ҷэ– 15' 1:1 Мармуш – 22’ 2:1 Экитеке – 35’ 2:2 Упамекано – 38’
«Муоинаи табибони тими футболи Англия нишон дод, ки Ҳарри Кейн ягон осеби сохторӣ надорад. Ҳамлагари «Бавария», ки бар асари ҷароҳат дар бозии Бундеслига бо «Айнтрахт Франкфурт» шоми якшанбе иваз карда шуд, дар ҳайати тими Англия барои бозиҳои дарпешистодаи байналмилалӣ боқӣ мемонад», - омадааст дар изҳорот дар сомонаи расмии Бавария.
Мавсими имсолаи чемпионати Олмон Кейн дар шаш бозӣ ширкат карда, дар онҳо панҷ гол ва панҷ ассист дар номаш дорад.