LIVE

Дастаи нави Кейн маълум шуд

Журналист Флориан Плеттенберг мегӯяд, ҳамлагари "Тоттенхэм" Ҳарри Кейн ба "Бавария" гузаштан наздик аст. Ба иттилои манбаъ, бошгоҳи шаҳри Мюнхен дар бораи интиқоли ҳамлагари англисии 30-сола розӣ шудааст. Арзиши гузариш 100 миллион евро бо иловаи бонусҳо арзёбӣ мешавад. Дар мавсими 2022/23 Кейн дар ҳайати лондониҳо 49 бозӣ карда, ба задани 32 гол ва 5 партофти головар даст ёфтааст. Шартномаи ҳамлагар бо бошгоҳи “Тоттенхэм” тобистони оянда ба охир мерасад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив