LIVE

"Бавария" ҷойгузини Левандовскиро пайдо кард

«Бавария» тасмим гирифт, ки ҳуҷумкунандаи полшагӣ Роберт Левандовскиро, ки нақшаи тарк кардани дастаро дорад, бо кӣ метавонад иваз кунад. Sport.es дар ин бора менависад.

Ба гуфтаи манбаъ, "Бавария" дарк мекунад, ки Левандовскиро нигоҳ дошта наметавонад. Дар робита ба ин, онҳо ният доранд, ки ҳамлагари "Тоттенхэм" Ҳарри Кейнро харидорӣ кунанд.

Шартномаи Кейн бо "Тоттенхэм" то моҳи июни соли 2024 амал мекунад. Кейн дар мавсими гузашта дар ҳайати “Тоттенхэм” дар тамоми мусобиқаҳо 50 бозӣ анҷом дода, ба задани 27 гол ва 10 партофти головар даст ёфтааст.

Ёдовар мешавем, ки қаблан Левандовски гуфта буд, ки замони ӯ дар бошгоҳи олмонӣ ба охир расидааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив