LIVE

Рандал Коло Муани метавонад зимистон “ПСЖ”-ро тарк кунад

Ҳамлавари “ПСЖ” Рандал Коло Муани эҳтимолан дар миёнамавсим сафи парижиҳоро тарк намояд. Дар ин бора нашрияи L'Equipe хабар медиҳад.
Бино ба иттилоъи манбаъ бозигари фаронсавӣ айни ҳол дар бошгоҳ  давраи душворро аз сар мегузаронад, зеро бозияш ба нақшаҳои  Луис Энрике мувофиқат намекунад.  
Ёдовар мешавем, ки Рандал Коло Муани аз моҳи сентябри соли 2023 дар ҳайати “ПСЖ” бозӣ намуда, мӯҳлати шартномааш то соли  2028 амал мекунад. Тибқи иттилои сомонаи Transfermarkt арзиши бозигар 40 миллион евро аст. Ӯ   мавсими ҷорӣ аллакай 9 бозӣ анҷом дода, ду гол ҳам задааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив