Номи футболбозоне маълум гардид, ки ба рӯйхати кӯтоҳи «Бавария»-и Мюнхен дар равзанаи тобистонаи трансферӣ шомил шудаанд. Дар ин бора журналист Кристиан Фалк дар саҳифаи «твиттер»-аш хабар медиҳад.
Аз рӯи маълумоти хабаррасон барои пурқувваткунии хати дифоъ «Бавария» чор номзадро баррасӣ мекунад: инҳо Ким Мин Ҷэ («Наполи»), Пау Торрес («Вилярреал»), Микки ван де Вен («Волфсбург») ва Кайл Уолкер («Манчестер Сити») мебошанд. Аз миёни футболбозони маркази майдон мюнхениҳо нисбати Пйер-Эмил Хёйбйерг («Тоттенҳэм») ва Кай Хаверс («Челси») таваҷҷӯҳ доранд. Ба ҳайси ҳамлавари нав «Бавария» номи бозигароне чун Рандал Коло Муани («Айнтрахт»), Душан Влахович («Ювентус»), Ҳарри Кейн («Тоттенҳэм») ва Виктор Осимхен аз («Наполи»)-ро баррасӣ мекунад.
Ёдрас мекунем, ки «Бавария» дар мавсими қаблӣ қаҳрамони Олмон шуд ва бо ҳамин аз 11-умин ҷоизаи паиҳами хеш истиқбол гирифт.