LIVE

Кӣ Нкункуро дар тими миллии Фаронса иваз мекунад?

Ҳамлагари 23-солаи «Айнтрахт»-и Франкфурт Рандал Коло Муани дар ҳайати Фаронса барои Ҷоми ҷаҳонии соли 2022 дар Қатар ҷои нимҳимоятгари маҷруҳшудаи «РБ Лейптсиг» Кристофер Нкункуро мегирад.

Қаблан Нкунку тамринро дар тими миллии Фаронса пеш аз мӯҳлат анҷом дод. Рӯзноманигорон пай бурданд, ки ӯ ланг шудааст. Пас аз чанд вақт расман дар бораи ҷароҳати зонуи Кристофер маълум шуд, ки дар натиҷа ӯ дар Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 ширкат карда наметавонад.

Ёдовар мешавем, ки Коло Муани тобистони соли 2022 ҳамчун агенти озод  бозигари тими "Айнтрахт" шуд. Дар мавсими ҷорӣ ӯ дар тамоми мусобиқаҳо 23 бозӣ анҷом дода, дар онҳо 8 гол ва 11 партофти головар кардааст. Дар ҳайати тими миллӣ ӯ танҳо дар охири моҳи сентябри соли ҷорӣ дар бозии Лигаи миллатҳои УЕФА бо тими Австрия (2:0) аввалин маротиба ба майдон баромад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив