LIVE

«Севиля» бо сармураббии наваш шартномаро тамдид кард

Сомонаи расмии бошгоҳи «Севиля»-и Испания аз тамдидкунии  шартнома бо сармураббии даста Хавйер Гарсиа Пимиентаи 50-сола хабар дод. Ӯ аз моҳи июли соли 2024  “андалусиҳо”-ро тамрин медиҳад. Хабар дода мешавад, ки шартномаи нав бо мутахассис то соли 2027 амал мекунад.
«Севиля» таҳти роҳбарии Гарсиа Пимиента дар Ла Лигаи Испания дар масири ҳафт бозӣ   ҳашт имтиёз ба даст оварда, ду пирӯзӣ, ду мусовӣ ва се бохт дар омор дорад. Дар ҷадвали феълии Примера “андалусиҳо” дар ҷои 12-ум қарор доранд.
Испания - Примера. даври 7-ум
24 сентябри соли 2024, сешанбе. 22:00 бо вақти Душанбе
Севиля 2:1 Валядолид
1:0 Торрес – 45'     1:1 Перес – 56'     2:1 Эҷуке – 85'
Корти сурх: Маркан – 90'  
Бино ба иттилоъи дафтари матбуоти бошгоҳ оиди тамдиди қарордод бо сармураббӣ  президенти «Севиля» Хосе Мария дел Нидо Карраско рӯзи 24 сентябр пас аз пирӯзӣ дар майдони худ дар бозии даври 7-уми Ла Лига бо «Валядолид» эълон кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив