Бошгоҳи «Севиля» оиди трансфери Келечи Ихеаначо эълон намуд. Собиқ ҳамлавари бошгоҳи «Лестер» бо “андалусиҳо” шартномаи дусола баст.
Ҳамлавари 27-солаи мунтахаби Нигерия аллакай ба шаҳри Севиля расида, бошгоҳ чанд акс атрофи ин трансфер ҳам нашр кардааст. Ин ҳамлавар дар сафи «Севиля» Юссуф Эн-Носириро иваз хоҳад кард, нафаре, ки ҳафтаи қаблӣ ба сафи «Фенербахче» пайваста буд.
Охирин тими Ихеаначо бошад «Лестер» буд, ки онро ӯ тобистони соли қаблӣ тарк намуда буд. Амчунин ин бозигар аз замони баромад дар сафи «Манчестер Сити» маъруф аст.
Дар Фаронса бошад бошгоҳи «Монако» аз рафтани Муҳаммад Камара ба «Ал-Садд»-и қатарӣ тасдиқ намуд. Пештар гуфта мешуд, ки бошгоҳи фаронсавӣ нимҳимоягари 24-соларо бар ивази 16,5 млн евро ба собиқ тими қатарии Хави мефурӯшад.
Мавсими қаблӣ Камара 31 бозӣ дар чемпионати Фаронса гузаронида, 1 голу 2 ассист ба омор гирифта буд.