LIVE

Марселино аз вазифаи сармураббигии «Севиля» даст кашид

Собиқ мураббии «Марсел» Марселино Торал пешниҳоди роҳбарияти «Севиля»-ро оиди таъиншавӣ ба вазифаи сармураббигии даста рад намуд. Дар ин бора Mundo Deportivo хабар медиҳад.
Бино ба маълумоти манбаъ чанде пеш вохӯрӣ миёни роҳбарияти бошгоҳи испанӣ ва мутахассиси 58-сола доир шудааст, аммо ҷонибҳо вобаста ба ҷузъиёти шартҳои қарордод ба мувофиқа расида натавонистаанд. Айни замон «Севиля» ҷустуҷӯи мураббии навро идома медиҳад.
Ёдрас мекунем, ки моҳи сентябр Марселино вазифаи сармураббигии «Марсел»-ро тарк намуд, дастаеро, ки аз моҳи июни соли гузашта тамрин медод.
Баъди ҳашт даври чемпионати Испании «Севиля» бо ҳашт хол дар зинаи 16-уми ҷадвал қарор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив