LIVE

Ҷанги «Арсенал» ва «Эвертон» барои мураббӣ

Собиқ сармураббии «Валенсия» - Марселино Гарсия Торал ба Лондон сафар намудааст. Баъд аз дидани ӯ дар Англия овозаҳо дар мавриди бастани шартнома бо тими «Арсенал» бештар мегардад. Гуфта мешавад, ки «Арсенал» дар ҷустуҷӯи сармураббии нав аст ва Марселино яке аз довталабони асосӣ маҳсуб меёбад. Ҳамчунин ба ин мутахассиси испанӣ «Эвертон» низ таваҷҷуҳ дорад. Ин ду бошгоҳи англисӣ баъд аз қатъ намудани қарордод бо сармураббиёни худ мақсад доранд то  Марселиноро ба ин мақом таъйн намоянд.  Дар навбати худ Марселино бо иллати сард гаштани муносибаташ бо роҳбарияти «Валенсия» тими испаниро моҳи сентябри соли равон  тарк намуд.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив