LIVE

Рафаэл Варан дар синни 31-солагӣ хатми маснади варзишӣ намуд

Ҳимоятгари фаронсавӣ Рафаэл Варан расман эълон кард, ки дар синни 31-солагӣ хатми корномаи футболӣ  намуд. Дар ин бора футболбоз дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳорот нашр кардааст.
Ёдовар мешавем, ки охирин бошгоҳи Варан «Комо»-и итолиёвӣ буд, ки ба ин тим ӯ чун бозигари озод пайваст. Ин бозигари собиқи мадридиён дар нахустин вохӯрии худ дар ҳайати тими итолиёвӣ сахт маҷрӯҳ шуд ва то охири мавсим аз қатор афтод.
Баъдтар маълум шуд, ки “Комо” Варанро   барои мавсими ҷории Серияи А аз ҳайат хориҷ кардааст. Дар баробари ин бозигари фаронсавӣ дар ҳайати бошгоҳ ҳамагӣ 23 дақиқа бозӣ кардааст.
Қаблан Варан бо бозии худ дар ҳайати “Реал Мадрид”, “Манчестер Юнайтед” ва тими миллии Фаронса ба ҳамагон маъруф буд. Соли 2018 Варан дар ҳайати тими миллии Фаронса қаҳрамони ҷаҳон гардид.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив