LIVE

Хабари нохуш барои мухлисони "Реал"

Ҳимоятгари “Реал” - Рафаэл Варан гирифтори сирояти коронавирус шудааст. Сомонаи “Реал Мадрид” хабар медиҳад, ки муҳофизатгар аз натиҷаи ташхис гузашт ва маълум гардид, ки ӯ дучори бемории COVID-19 гардидааст. Қаблан “Реал Мадрид” дархосташро барои бозии аввали даври ¼ ниҳоӣ бар зидди “Ливерпул” нашр карда буд, ки дар байни онҳо Рафаэл Варан низ ҳузур дошт. Ҳамин тавр Рафаэл Варан дар бозии имрӯза бар зидди “Ливерпул” ва бар муқобили “Барселона” ширкат намекунад. Мадридиҳо дуҷори мушкилии ҷиддӣ гардидаанд, зеро дар қисмати дифои марказӣ ду бозигари асосӣ Рамос ва Варанро аз даст доданд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив