Сармураббии испанӣ Микел Артета шартномаи худро бо бошгоҳи “Арсенал” тамдид кард. Дар ин маврид сомонаи расмии бошгоҳи Лондон хабар медиҳад. Созишномаи нав байни тарафҳо то соли 2027 эътибор дорад.
Ёдовар мешавем, ки мутахассиси испанӣ соли 2019 сарварии бошгоҳи англисиро бар ӯҳда гирифта буд. Пеш аз ин, ӯ як қисми ситоди мураббии Пеп Гвардиола дар Манчестер Сити буд.
Дастаи "Арсенал" дар мавсими 2024/2025 дар ҷадвали Премер-Лигаи Англия дар ҷои чорум қарор дорад. Бошгоҳ дар се вохурӣ ҳафт имтиёз ба даст овард. Дастаи «Манчестер Сити» бо 9 имтиёз дар ҷои аввал аст. Дар даври баъдӣ “Арсенал” бо “Тоттенҳэм” бозӣ хоҳад кард.