LIVE

"Арсенал" дар Премйер-Лига 18 соли охир аст, ки чемпион намешавад

Пас аз пирӯзии «Ливерпул» бар «Манчестер Юнайтед», «Арсенал»-и Лондон шонси математикии пирӯзӣ дар Премйер-Лигаи Англияро аз даст дод. Клуб 18 сол боз дар чемпионати мамлакат голиб намеояд. Бори охир лондониҳо дар мавсими солҳои 2003/2004 унвони қаҳрамониро ба даст оварда буданд. Он вақт ин тими футбол мавсимро бо  26 ғалаба  ва 12 мусовӣ ҷамъбаст намуда буданд.  Ин дастовард то имрӯз дар Англия беназир боқӣ мемонад.
Шогирдони Микел Артета бо 54 имтиёз дар ҷои 5-ум қарор дорад. Дар 7 бозии боқимонда ин тим метавонанд дар идома мавсим дар маҷмуъ 75 хол ба даст оранд, дар ҳоле ки “Ливерпул” аллакай 76 хол дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив