LIVE

«Арсенал» барандаи Суперҷоми Англия

«Арсенал» бар дастаи «Ливерпул» ғолиб омада, соҳиби Суперҷоми Англия дар соли 2020 гардид. Бозӣ дар варзишгоҳи  «Уэмбли»-и шаҳри Лондон баргузор шуда, вақти асосии вохӯрӣ бо натиҷаи мусовӣ 1:1 хатм шуд. Дар дақиқаи 13-уми бозӣ Пйер-Эмерик Обамеянг ҳисобро боз кард.  Дар дақиқаи 73-юми рақобат Такуми Минамино таносубро баробар сохт. 
Дар иҷрои силсила зарбаҳои 11 метра шогирдони Артета (5:4) муваффақ шуданд. «Арсенал» бори 16-ум аст, ки ҷоизаи мазкурро ба даст меорад. 
Шогирдони Клопп соли гузашта низ дар ин мусобиқа аз «Манчестер Сити»  мағлуб шуда буданд.  «Ливерпул» бори охир Суперҷоми  Англияро соли 2006 ба даст овардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив