LIVE

Кадом даста барандаи Суперҷом мешавад, "Арсенал" ё "Ливерпул"?

Соли гузашта "Ливерпул" натавонист ба феҳристи дастовардҳои худ боз як Суперҷоми Ангияро шомил созад. Дар мубориза  барои ин ҷом аз лиҳози иҷрои силсила зарбаҳои 11 метра аз тими "Ман Сити" мағлуб шуд. Бори охир "Ливерпул" соли 2006 барандаи Суперҷоми Англия гардидааст. "Арсенал" дар мавсими солҳои 2014, 2015 ва 2017  ҷоми мазкурро ба даст оварда буд. 
Дастаи Артета охирин бозии расмии худро рӯзи  1-уми август дар финали Ҷоми Англия бо тими "Челси"  анҷом дода буд. Маҳз ғалаба дар финали Ҷоми Англия боис барон шуд, ки шоми имрӯз лондониҳо бо "Ливерпул" рақобат мекунанду, ҳамзамон дар Лигаи Аврупо низ ширкат меварзанд. 
"Ливерпул" бори охир маҳз аз "Арсенал" рӯзи 15 июл шикаст хурда буд. Мавриди зикр аст, ки "Ливерпул" ва "Арсенал" дар Суперҷоми Англия 15 ғалабагӣ доранд. Аз ин ду тим танҳо "Ман Юнайтед"  бо 21 ғалаба пешсаф аст. Дар маҷмуъ то ба ҳол 229 бозӣ байни ҳамдигар анҷом додаанд, ки 79 ғалаба “Арсенал”  ва 88 ғалаба “Ливерпул” дораду 62 дидори дигар бо натиҷаи мусовӣ хатм шудаст. Дар маҷмуъ дастаҳои англисӣ маротибаи 98-ум аст, ки барои дарёфти Суперҷом мубориза мебаранд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив