LIVE

Артета иқрор шуд, ки Арсен Венгер ба "Арсенал" бармегардад

Сармураббии “Арсенал” - Микел Артета гуфт, ки аз омадани сармураббии афсонавӣ Арсен Венгер ба клуб хурсанд хоҳад буд.
«Ман мехостам Арсенро дар клуб бубинам. Ҳар як тиреза, ҳар дари “Арсенал” барои ӯ кушода аст. Ман умедворам, ки ин ба зудӣ рӯй медиҳад, зеро ман фикр мекунам, ки вай илҳом хоҳад дод ва бисёриҳо аз бозгашти ӯ хеле шод хоҳанд шуд" гуфт Артета.
Ёдовар мешавем, ки Арсен Венгер 22 сол дар “Арсенал” кор кардааст. Мутахассиси фаронсавӣ аз соли 1996 то соли 2018 дар даста кор кардааст. Дар тӯли фаъолияташ дар «Арсенал» Венгер се маротиба қаҳрамони Премйер-Лигаи Англия шуд.
Айни замон бошгоҳи лондонӣ дар ҷадвали чемпионати кишвар пешсаф аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив