Футболбози номбурда бо номи Франческо Марҷиотта ба даста ҳамроҳ гашта, якумин тамрини худро дар ҳайати «Истиқлол» анҷом дод. Франческо Марҷиотта тарбиятгирандаи Академи КФ «Ювентус» буда, 15 июли соли 1993 дар шаҳри Турин ба дунё омадааст.
Фаъолияти касбии бозингарии худро дар тими «Каррарезе» оғоз намуда, баъдан дар дастаҳои «Монтса» ва «Кево» бозӣ кардааст.
Ҳамчунин ӯ дар чемпионати Швейтсария дар ҳайати тимҳои «Лозанна» ва «Лютсерн» ҳунарнамоӣ намудааст. Охирин клубе, ки Марҷиотта дар он фаъолият дошт ин «Ботошани» аз Руминия мебошад.
То ин дам бозингар дар 327 бозӣ вориди майдон гардида, дар ҳисоби худ 73 гол ва 51 партофти головар дорад.
Муҳлати шартномаи ҳамлагар бо тими мо як солро дар бар мегирад. Марҷиотта дар «Истиқлол» зери шумори 9 ба майдон мебарояд.