LIVE

Алиҷони Айнӣ ба "Истиқлол" пайваст

Алиҷони Айнӣ бозигари «Истиклол» шуд.
Футболбози дастаи мунтахаби Тоҷикистон Алиҷони Айнӣ ба таври иҷора бозигари клуби футболи «Истиқлол» шуд.
Бошгоҳҳои футболи “Истиқлол” ва “Краснодар” дар мавриди иҷораи бозигари тими миллии Тоҷикистон Алиҷони Айнӣ, ки дар тими “Краснодар-2” бозӣ мекард, ба мувофиқа расиданд. Шартномаи иҷораи ин бозигари ҷавон дар «Истиқлол» то охири мавсими футболи имсола ба  ҳисоб гирифта шудааст.
Алиҷони Айнӣ 6 августи соли 2004 ба дунё омадааст, нимҳимоятгар. Қаблан дар дастаҳои «Локомотив-Помир», «Регар-ТадАЗ» ва «Краснодар-2» бозӣ кардааст. Ҳоло дар якҷоягӣ бо мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба қисми ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки авввали моҳи март дар Узбакистон баргузор мешавад, омодагӣ мегирад. Дар ҳайати тими миллӣ шаш бозӣ анҷом додааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив