LIVE

"Истиқлол" бозигари нави булғорӣ харид

«Истиқлол» бо ҳамлагар аз Булғористон созишнома ба имзо расонид. Бо ба имзо расонидани созишномаи яксола, тими «Истиқлол» ба ҳайати худ ҳамлагар аз Булғористон Димитар Митковро шомил намуд.
Собиқ футболбози дастаҳои «Локомотив»-и София, «Лудогоретс», КМВА 1948 ва «Рубин»-и Қазон 27 январи соли 2000 таваллуд шудааст.   Футболбози нави «Истиқлол» ба ҳамдастагон муаррифӣ гардида, тамрини якуми худро гузаронд.
Митков – қадаш 191 см, дар фаъолияти касбии худ то ҳоли ҳозир дар 161 бозӣ иштирок намуда, 46 голро ба номи худ сабт намудааст. Ӯ бо пироҳани «Истиқлол» зери шумораи 45 ба майдон мебарояд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив