LIVE

Бозигари нави «Истиқлол» аз Нигерия

Дар рӯзи охирини равзанаи гузариши футболбозон дар лигаи олӣ тими «Истиқлол»  созишномаи ҳамкориро бо ҳуҷмкунанда аз Нигерия - Блессинг Элеке ба анҷом расонид.

Дастаи охирини ин ҳамлагар  тими ҷопонии «Кашима Антлерс» буд, ки Элеке дар ду мавсими охир дар он бозӣ мекард.

Ҳамчунин, Элеке таҷрибаи бозӣ дар дастаҳои  «Генчербирлиги» (Туркия), «Олимпия» (Словения) ва «Лютсерн» (Швейтсария) -ро дорад.

Ёдовар мешавем, ки дар «Истиқлол» -  Элеке таҳти  рақами 9 бозӣ хоҳад кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив