LIVE

Дарвозаи “Истиқлол” голборон шуд

Бошгоҳи “Истиқлол” дар доираи машқҳои дастаҷамъона дар шаҳри Анталияи Туркия бозии сеюми санҷишии худро бо финалисти Ҷоми Украина дастаи “Ингулетс” баргузор намуд. Қисми аввали дидор бидуни гол хотима ёфт. Дар нимаи дуюми вохӯрӣ бозингарони украинӣ ба задани 5 гол даст ёфтанд. Дар ҳайати тими “Ингулетс” Иля Коваленко, Максим Ковалев аз пеналти голзанӣ намуда, ҳамчунин Ника Сичинава хет-тирк намуд. Ҳамин тавр ин бозӣ бо ҳисоби 5 бар 0 ба фоидаи тими “Ингулетс” хотима ёфт. Ёдовар мешавем, ки бошгоҳи “Истиқлол” бозии охирини санҷишии худро дар Анталия бо дастаи “Слутск”-и Белорус рӯзи 29-уми феврал баргузор мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив