LIVE

Шаҳром “Истиқлол”-ро бо "Рубин" иваз кард

Тибқи иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамлавари 19 солаи тими мунтахаби кишвар ва собиқ бозигари бошгоҳи “Истиқлол” - Шаҳром Самиев бо дастаи «Рубин»-и Қазони Россия шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид. Дар мавсими аввал Шаҳром фаъолияташро дар дастаи ҷавонони «Рубин» идома медиҳад. Шаҳром баъд аз бастани қарордоди ҳамкорӣ марҳилаи омодагиро барои мавсими нав бо ҳайати асосии  «Рубин» анҷом медиҳад. 
Шаҳром Самиев бо пероҳанҳои тими мунтахаби кишвар 6 маротиба вориди майдон шуда, ба задани ду гол даст ёфтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив