LIVE

Гаронарзиштарин футболбози тоҷик кист?

ТОП-5 футболбози гаронарзиши Тоҷикистон
Арзиши умумии онҳо 2,8 млн евро муайян шудааст.
Пойгоҳи олмонии Transfermarkt.world, ки ба интиқол, нархи бозории бозигарону дастаҳо ва омори футбол ихтисос ёфтааст, дар бораи қимати футболбозони тоҷик маълумоти нав нашр кард.
Ин пойгоҳ Парвизҷон Умарбоев, Алишер Ҷалилов, Рустам Ятимов, Зоир Ҷӯрабоев ва Эҳсони Панҷшанберо дар қатори 5 футболбози гаронарзиштарини футболи Тоҷикистон зикр кардааст.
Арзиши умумии онҳо 2,8 млн евро муайян шудааст.
Парвизҷон Умарбоев – 750 000 евро
Солҳои зиёд аст, ки дар раддабандии футболбозони ватанӣ аз рӯи арзиши интиқоли пешбинишуда нимҳимоятгари бошгоҳи ССКА-1948 (София)-и Булғористон Парвизҷон Умарбоев садрнишин аст.
Дастаи ӯ дар мавсими имсола бо 45 имтиёз пас аз 23 бозӣ дар ҷои сеюм аст.
Парвизҷон 1-уми ноябри соли 1994 дар вилояти Суғд таваллуд шудааст. Падари ӯ собиқ футболбози маъруф, ҳоло мураббии КФ “Регар-ТадАЗ” Абдулло Умарбоев мебошад.
Аз соли 2012 то соли 2015 дар дастаҳои “Рубин”, “Нефтехимик”, “Химик Дзержинск”-и Русия бозӣ кардааст. Соли 2015 дар дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бозӣ карда, аз соли 2016 дар Булғористон қарор дорад.
Ӯ чанд сол дар тими “Локомотив Пловдив” баромад мекард ва аз июли соли 2022 ба бошгоҳи Софияи ССКА-1948 гузашт.
Инчунин, аз соли 2015 дар ҳайати тими миллии Тоҷикистон бозӣ мекунад.
Алишер Ҷалилов - 650 000 евро
Алишер Ҷалилов асосан дар бошгоҳҳои Русия, аз ҷумла, дар дастаҳои “Рубин”, “Нефтехимик” ва “Балтика” бозӣ кардааст.
Соли 2019 ба Ватан баргашт ва ба “Истиқлол” пайваст. Соли 2022 дар ҳайати АГМК-и Ӯзбекистон бозӣ кардааст, аммо дар мавсими нав боз шарафи “Истиқлол”-и пойтахтро ҳимоя мекунад.
Алишер соли 1993 таваллуд шудааст. Соли 2004 ба Маскав кӯчида, дар Мактаби варзишии наврасони “Локомотив” (Маскав) таҳсил кардааст.
Рустам Ятимов - 500 ҳазор евро
Ягона дарвозабон дар ин раддабандӣ бозигари “Истиқлол” аст. Рустам 13 июли соли 1998 дар Нижний Новгород (Русия) таваллуд шудааст. Фаъолияти худро дар бошгоҳи ҳамин шаҳр оғоз карда, аз онҷо барои ҳимояи дарвозаи тими миллӣ ва “Истиқлол”-и пойтахт даъват шудааст.
Қади ӯ 1,94 метр буда, ба гуфтаи мутахассисон, ӯ дорои истеъдоди беназири дарвозабонӣ аст.
Ятимов орзуи худро пинҳон намекунад, ки мехоҳад дар лигаи олии Англия бозӣ кунад.
Зоир Ҷӯрабоев – 450 000 евро
Ҳимоятгари собиқи бошгоҳҳои “Барқчӣ”-и Душанбе ва ССКА “Помир”, муддате дар тими “Металлург”-и Бекободи Ӯзбекистон бозӣ карда, баъдан ба “Истиқлол”-и Душанбе баргашт, ки қаҳрамон ва соҳиби Ҷом шуд.
Моҳи феврали соли 2022 бо дастаи “Сурхон”, ки дар лигаи олии чемпионати Ӯзбекистон бозӣ мекунад, шартнома баст. Дар мавсими нав ба Фарғона рафт ва дар дастаи “Нефтчӣ” бозӣ мекунад.
Эҳсони Панҷшанбе - 450 000 евро
Ситораи афзояндаи футболи тоҷик Эҳсони Панҷшанберо яке аз бозингарони ояндадори тоҷик медонанд.
Ӯ 12-уми майи соли 1999 дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ таваллуд шудааст, аз соли 2002 дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад. Дар оила фарзанди сеюм аст, ду бародари дигар дорад.
Соли 2020 ӯ аз “Истиқлол”-и Душанбе ба бошгоҳи “Навбаҳор”-и Ӯзбекистон (Намангон) гузашт ва аз онҷо ба тими эронии “Зоб Оҳан” гузашт.
Ӯ бозигари тими миллии Тоҷикистон аст. Аз соли равон ӯ дар ҳайати “Истиқлол”-и Душанбе бозӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив