LIVE

«Истиқлол» аз Аргентина футболбоз харид

«Истиқлол»-и Душанбе ҳайати худро бо як нимҳимоятгар аз Аргентина пурзӯр кард.
Дар равзанаи гузаришии  тобистона қаҳрамони бисёркаратаи  кишвар бо нимҳимоятгар аз Аргентина Гонсало Ритако шартнома баст.  Гонсало субҳи имрӯз ба Душанбе омад ва дар тамрини бегоҳирӯзӣ  бо даста шинос мешавад.
Гонсало Габриэл Ритако 21 майи соли 1993 дар Аргентина таваллуд шудааст.
Қад - 175 см, вазн - 66 кг
мавқеъ - нимҳимоятгари ҳуҷумкор
Дар дастаҳои Аргентина, Эквадор ва Юнон бозӣ кардааст. Охирин даста — «Қизилқум» (Ӯзбекистон).
Бояд гуфт, ки бозигари нави «Истиқлол» Гонсало Ритако аввалин футболбози аргентинӣ мебошад, ки дар чемпионати футболи Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив