LIVE

Натиҷаи корҳои трансферии “Ювентус” , “Наполи” ва “Аталанта” дар Италия

Дар Италия вобаста ба вазъият “Ювентус” аз ҳама саросема дар бозор аст. Ин навбат “Ювентус” бар замми харидории Дуглас Луис бо арзиши  50 млн евро  ҳамчунин аз “Астон Вилла” дӯстдухтари Луисро ҳам шомили тим кард. Ин ҳам яке аз зеботарин бонувони футболбозии ҷаҳон Алиша Лемани шветсарӣ аст, ки ба умеди омадани нафари наздикаш дар Турин ҷои кор пайдо намуд. Шартномаи Дуглас Луис бо “Юве” бошад то соли  2029 аст.
Пештар хабаре баромада буд, ки “Вилла” аз барои Луис  22 млн евро ба даст оварда,  8 млн-и дигар дар шакли иловапулиҳо меоянд. Ҳамчунин ду бозигари туринӣ  Сэм Айлинг ва Энсо Барренечеа ба самти Бирмингем   парвоз мекунанд. Вале чӣ тавре “Ювентус” ахиран бар ивази пули нақд яку якбора ҷуфти футболбозонро шомили тим кард.  
Бошгоҳи футболи “Наполи” бошад баъди аҷоми мавсими номуваффақ як қатор бозигаронро гусел кард. Вобаста ба анҷоми мӯҳлати шартнома аз тими неаполитанӣ Петр Зелински, Диего Демме ва дарвозабон Губерт Идасяк рафтанд. Ҳамчунин мӯҳлати иҷораи дарвозабон  Пйерлуиҷи Голлини анҷом ёфта ӯ ба   “Аталанта” бармегардад, нимҳимоягар  Леандер Дендонкер ба “Астон Вилла”  ва Хамед Траоре  ба “Борнмут” меояд.  
Ин ҳам дар ҳолест, ки тими муввафақи мавсими қаблӣ бо номи “Аталанта” дифоъгари “Эвертон”   Бен Годфриро бар ивази 9+1 млн евро харидорӣ кард. Тибқи маълумоти  La Gazzetta dello Sport шартнома бо бозигари нави “Аталанта” мӯҳлати панҷсола дорад. Мавсими қаблӣ бозигар 15 бозӣ гузаронида, футболбози 26-сола сар аз мавсими навин бояд, ки   нафари калидӣ барои “бергамаскҳо” бигардад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив