LIVE

Иртиботи трансферии бошгоҳии “Челси"

Бошгоҳи “Челси” бар ивази  22 млн фунт Омари Хатчинсонро ба “Ипсвич Таун” фурӯхт. Зеро ин дастаи навкори ПЛА ҳам бояд, ки дар дивизиони олии футболи Англия бардаму пурқувват бошад. Бошгоҳ аз графигарии Суффолк аллакай эълон намудааст, ки бар ивази маблағи барояш рекордии 22 млн фунт ин бозигари 20-соларо баъди иҷораи яксола харидорӣ намуд. Шартномаи бо бозигари ямайкагӣ бошад то тобистони соли 2029 мӯҳлат дошта, як қисмати ин маблағро ба “Арсенал” равон мекунанд.  Хатчинчсон мавсими қаблӣ дар Чемпионшип дар 44 бозӣ ба задани даҳ гол даст ёфта буд ва ба ҳамин дастаи навро бовар кунонид, то 22 млн пули миллиро ба хазинаи ашрофзодагон супоранд.
Баъди равон кардани кардани бозигари 20—сола ба “Испсвич” худи “кабудҳо” бозигари 19-соларо аз “Астон Вилла” хариданд. Ин ҳам Омари Келлиман аст, ки барои кабудҳо   19 млн фунт арзиш пайдо намуд ва шартнома бо ин бозигари ҷавон бошад зери нақшаи   6+1 аст.   Бо эҳтимолияти зиёд метавон гуфт, ки ин бозигари ҷавон дар Челси ҳоло шиносшавӣ бо бозигарон фурсат пайдо накарда, даррав ба иҷора равон карда мешавад.  
Як нафари дигаре, ки аз сафи “Челси” канор рафт, ин футболбозбонуи россиягӣ Алсу Абдуллина мебошад, ки вобаста ба анҷоми мӯҳлати шартнома ҳаёти зебо дар Лондонро маҷбуран як тараф гузошт.  Лондониҳо оиди рафтани бозигари 23-сола расман эълон намуда, мавсими қаблиро бошад Алсу тариқи иҷора дар сафи  ”ПСЖ” гузаронида буд. Ҳамин тариқ дорандаи нишони биринҷии чемпионати Фаронса, ки худ дифоъгар аст, ба сафи Челси ҳанӯз моҳи декабри соли 2021 гузариш анҷом дода буд. Бо кабудҳо ин бозигари ғолиби чемпионати Англия ва дорандаи Ҷоми Англия дар мавсими -2022/23 шудааст.
Тағйироти кадрии охирини вобаста ба “Челси” ин рафтани Ян Матсен аз ин тим ба  Бирмингем мебошад.  Бо арзиши   37,5 млн фунт дифоъгар ба сафи “Астон Вилла” пайваста, шартномаи мӯҳлаташ то соли 2030 имзо намуда буд.   Чӣ тавре медонем нимаи дуввуми мавсими қаблиро Матсен дар сафи “Боруссия”-и Дортмунд гузаронида буд ва ду гол дар   16 бозии Бундеслига ба самар расонидааст. Ҳамчунин ин дифоъгар бо дастаи Терзич то финали Лигаи Чемпионҳо расида буд ва ин ҳам ба қавле барояш авторитет дар миён гузошт. “Астон Вилла” ҳам даррав ба умеди баромади бобарор дар Лигаи Чемпионҳо даст ба пулмасрафкунӣ зад ва Матсенро шомили даста кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив