LIVE

Тағйироти кадрӣ дар "Манчестер Юнайтед" ва "Астон Вилла"

"Манчестер Юнайтед"  Факундо Пелйистриро ба иҷора  ба "Гранада" то охири мавсим гусел кард. "Манчестер Юнайтед" вингерри хешро ба тими испанӣ то охири мавсим равон кард. Пештар ин бозигари 22-солаи мунтахаби Уругвай аллакай дар Ла Лига –  дар иҷора дар "Алавес" баромад карда буд.
Ин мавсим бошад ҳамшаҳрии Суарес 14 маротиба бо пироҳани "МЮ" ба майдон омад ва як паси голӣ дод.
Бирмингемиҳо аз "Астон Вилла" бошанд баръакси кори "МЮ" бо нархи  8+7 млн фунт бо нимҳимоягари "Мидлсбро" Морган Роҷерс шартнома имзо карданд.  
Ба қавли The Athletic шартнома бо бозигари 21-сола то соли 2029 мӯҳлат дошта, "Ман Сити" бошад ин нафарро тобистон ба  Чемпионшип фурӯхта буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив