LIVE

Коутиню дар “Астон Вилла” рақами худро интихоб кард

Нимҳимоятгари ҷадиди тими “Астон Вилла” - Филиппе Коутиню, ки аз “Барселона” ба иҷора гирифта шудааст, ба Бирмингем омад, хабар медиҳад сомонаи расмии бошгоҳи англисӣ.
Ба иттилои манбаъ, футболбоз аллакай аз пойгоҳи тамринии бошгоҳ дидан карда, инчунин, бозигари бразилиӣ рақами худро дар “Астон Вилла” интихоб кард.  Коутиню таҳти рақами 23 ба майдон мебарояд.
Қаблан маълум шуда буд, ки Коутиню метавонад дар ҳайати дастаи ҷадидаш дар бозии даври 22-юми Премйер-Лигаи Англия бо “Манчестер Юнайтед”, ки рӯзи 15 январ баргузор мешавад, ҳунарнамоӣ кунад. 
Ёдовар мешавем, ки сармураббии «Астон Вилла» Стивен Жеррард ва Коутиню дар ҳайати «Ливерпул» якҷоя бозӣ мекарданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив