LIVE

Харидориҳои бузурги "Лилл" дар равзанаи зимистонаи трансферӣ

"Олимпик Лион" нимҳимоягари "Ноттингем Форест" Орел Мангаляро бар ивази 10 млн фунт ва ҳуқуқи харидории 15+3 млн евро ба даст овард.
Иҷора чӣ тавре гуфтем, 10 миллион фунт арзиш дошта, ҳамчунин 15 миллиони дигар ҷамъи 3 млн фунт   иловапулиҳо бояд барои харидориҳо пардохт шаванд.
Мангаля дар сафи "Ноттингем Форест" аз соли 2022 баромад карда, ин белгиявии 25-сола дар мавсими ҷории ПЛА дар 20 бозӣ як гол дорад.
"Лилл" бошад яку якбора ду бозигари мунтахаби  Португалия U21 Мораиш ва Фернандеш ва ҳамчунин  Иличро шомили тим кард.
Ба сафи дастаи фаронсавӣ ҳамлавар Андрей Иличи 23-сола аз Сербия ҳамроҳ шуд, ки пештар дар   "Волеренга" баромад мекард. Бозигар 9 гол дар 13 бозиии лигаи олии Норвегия дошта, дар Фаронса шартнома то соли 2027 дорад.
Боз як бозигари дигари нави фаронсавиён Тиагу Мораиш аст, ки бозигари дастаи ҷавонони Португалия "Боавишта"-ро тарк намуд ва бо "Лилл" шартнома то соли 2028 имзо кард.
Ҳамчунин сафи "Лилл"-ро Рафаэл Фернандеш пурра намуд. Дифоъгари 21-солаи мунтахаби ҷавонони Португалия дар сафи "Арука" бозӣ мекард ва мавсими ҷорӣ  11 бозӣ анҷом дод. Шартномаи ӯ бошад бо тими то соли 2028  аст.
Бо вуҷуди ин ба  "Сарагоса" то тобистон дифоъгар Аким Зедадка равон гардид, ки ин мавсим дар Ҷоми Фаронса ва Лигаи конференсияҳо бозӣ мекард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив