LIVE

Ду амали трансферии аҷиб дар Лондону Манчестер

"МЮ" ба "Вердер" бозигар фурӯхт. Ин ҳам нимҳимоягари 19-сола Исак Хансен-Ороэна мебошад, ки бо "маникуаниҳо" шартномааш то охиримавсими ҷорӣ буд. Ба қавли The Telegraph ҷонибҳо дар мавриди тамдидкунии мӯҳлати шартнома ва талаботҳои бозигар оиди маош ба тавофуқ расида натавонистанд ва бозигари ночор аз даста берун шуд.
Оиди шартҳои молиявии қарордод бо "Вердер" бошад хабар дода намешавад, вале  "МЮ" дорои имконияти гирифтани чанд пул аз фурӯши дигарбораи ин бозигар хоҳад буд. Ҳамчунин тими манчестерӣ тибқи шартнома ҳақ дорад, аз "Вердер" бо дилхоҳ пешниҳод ба иртибот барояд.
Хансен-Ороэн ба сафи "МЮ"  соли 2020 гузариш анҷом дода буд, вале дар тими аввалия ягон бозӣ нагузаронид.
Дастаи лондонии "Кристал Пэлас" бошад бар ивази 18+4 млн фунт нимҳимоягари мунтахаби Англия U20 Адам Уортонро аз "Блэкберн" харидорӣ кард. Ин нимҳимоягари ҷавон дастаи Чемпионшипро тарк намуда, бо тими наваш дар ПЛА ба мӯҳлати панҷу ним сол шартнома баст.
Чӣ тавре BBC хабаркашӣ мекунад, баҳри овардани футболбози мунтахаби Англия U20  Пэлас  18 млн фунт пардохту боз 4 млн-и дигар метавонад дар шакли иловапулиҳо пардохт намояд.
Мавсими ҷорӣ дар ҳисоби Уортон  3 партофти голӣ дар 26 бозиҳои Чемпионшип мебошанд.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив